Розҳои ниҳони хонадони Лоиқ Шералӣ аз забони бародараш

12+
12+

1 просмотр

2 дня назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав
12+
12+

1 просмотр

2 дня назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав
12+
12+

1 просмотр

2 дня назад

Имрӯз 85-солагии Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва чеҳраи барҷастаи адабиёти муосири тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, рӯзноманигори “Азия-Плюс” чанд рӯз қабл ба зодгоҳи шоир ба деҳаи хушманзараи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент сафар кард, то бо Ботур Шералӣ, ягона бародари зиндаи устод Лоиқ мусоҳибаи махсус анҷом диҳад. Бародари шоир дар ин суҳбат мегӯяд, ки зиндагии устод қариб пурра шоирона буд, вале наздиконаш ин ҳақиқатро дар вақташ дарк карда натавонистанд. Ӯ аз розҳое парда бармедорад, ки то кунун ҳаводорони шеъру адабиёт чандон аз он огоҳ набуданд. Дар ин мусоҳибаи наворӣ мо асосан аз муносибати шоир бо худи падар ва ҳамсари дуюми падараш, равобити ӯ бо ду модараш, хотироти бачагиии “бе касу танҳо” гузашта ва чакидани боми хонаи модариаш пурсон шудем. Гузаштагони Лоиқ Шералӣ, ки аз Даҳбеди Самарқанд ба кӯҳҳои баланди Панҷакент омадаанд, дар ин ошёни баланд ба чӣ корҳо машғул буданд, чӣ таъсир расонд, ки Қоришариф шикастабанду Лоиқ шоиру Ботур ҳофиз шуд? Дар воҷеъ, бародари шоир дар бораи як ҳодисаи дастшикании Лоиқ Шералӣ ҳам қисса мекунад ва инро ҳам мегӯяд, ки чаро дар ин хонавода ҳунари шикастабандӣ мавқеи хос дорад? Аслан номи Лоиқро чӣ гуна интихоб кардаанд ва чаро ашъори ин шоири номдорро замоне дар зодгоҳаш Мазори Шариф намехонданд? Дилхурии шоир аз ҳамдиёронаш дар чӣ буд? Ин мусоҳибаро мо дар се ҷой – қисми аввалро дар Осорхонаи шоир, қисми дигарро дар ҳамон хонае, ки шоир дар он бузург шуд ва қисми солисро дар ҷойҳое, ки бачагиҳои Лоиқ Шералӣ гузашт – оростем. Ин мусоҳиба кушодани саҳифаҳои сиёҳу сафеди рӯзгори як шоири тавонои тоҷик аст. Посухи ин ва дигар саволҳои рӯзгори устод Лоиқро метавонед дар навори мусоҳиба мо дарёбед. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info #точикистон #asiaplus

Название:

Розҳои ниҳони хонадони Лоиқ Шералӣ аз забони бародараш

Категория:

Разное